Дар Вазорати молияи Тоҷикистон созишномаҳо оид ба баланд бардоштани сифати шароити таълимдиҳӣ ва иҷтимоӣ ба имзо расиданд

Июль 3, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июни соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид. ​Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сифати шароити таълимдиҳӣ ва муҳити таълим дар мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 38,1 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2029 дар назар аст.

Ҳамзамон баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи грантӣ (лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон) доир гардид.

Ҳадафи лоиҳа ин дастгирии грантгиранда ҷиҳати ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз зарбаҳо, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва беҳтар намудани шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 37,5 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 35,0 млн доллари он аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,5 млн доллари он аз ҳисоби гранти Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон маблағгузорӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд