Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо якчанд донишгоҳи бонуфузи дунё ҳамкории дуҷониба дорад
ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам бо якчанд донишгоҳи бонуфузи дунё ҳамкории дуҷониба намуда, дар доираи ин ҳамкорӣ мутахассисони баландихтисосро ба донишгоҳ ҷалб менамояд.
«Аз ҷумла, бо якчанд муассисаҳои олии ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дорем, ки ин ҳамкорӣ ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ замина мегузорад», -гуфт ректори донишгоҳ.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи илм ва маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии Тоҷикистон шомил гардид.
Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар мамлакат маҳсуб шуда, аз рӯи равияҳои иқтисодӣ мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд. Донишгоҳ аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассис омода ва ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






