Хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд соҳиби намунаи ягонаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ мешаванд

Июль 27, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд ба хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намунаи ягонаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад, ки он аз дипломҳои қаблӣ ва дигар муассисаҳои олии мамлакат фарқ менамояд. Чунин иброз дошт ректори Донишгоҳи миллӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, намунаи дипломи ин муассиса бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023 тасдиқ шуда, дар самти ба расмият даровардани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ иқдоми аввалин мебошад.

Шумораи донишҷӯён дар шашмоҳаи аввали соли 2023  22 ҳазору 317 нафар буда, аз ин шумора 16 ҳазору 898 нафар дар шуъбаи рӯзона, 4842 нафар дар шакли таҳсилоти фосилавӣ, 580  нафар дар магистратура ва доктор phD таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон дар 14 факултети донишгоҳ донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 249 нафар мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид