ХУШХАБАР! Хонандагони тоҷик аз шаҳри Париж бо 29 медал ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи 3-юми байналмилалии STEM, ки аз 18 то 23 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса доир шуд, 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даврҳои фосилавии озмуни фанҳои табиӣ-риёзӣ 900 нафар омӯзгорон ва зиёда аз 11 ҳазор хонандагон аз 1200 муассисаи таълимии 114 давлати дунё фаъолона иштирок намуданд.
Маросими қадрдонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии озмун дар музейи «Илм ва саноат»-и шаҳри Париж, ки калонтарин осорхона дар минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад, баргузор гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд






