КИШТИ ТАКРОРӢ- АСОСИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар шаҳри Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 332,9 млн сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иҷрои кишти зироати такрорӣ, нашъунамою обёрии заминҳои пахта, вазъи нуқтаҳои барқии таъминоти оби полезӣ ва амнияти озуқаворӣ шинос шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 332,9 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил дод.
Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 646 гектар кишти асосии зироати кишоварзӣ гузарониданд.
Мувофиқи ҳисобот, ба ҳолати 1 июл ҳамагӣ 2595 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 88 фоизи нақша баробар аст. Кишти зироат дар шаҳр идома дорад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор, модагов, саршумори моли майда, паранда ва асп нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, моҳӣ ва пашм низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт.
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст.
Таъкид шуд, ки кишти такрорӣ асоси амнияти озуқаворӣ маҳсуб шуда, барои арзон шудани бозори истеъмолӣ бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил рӯёнем.
Баъди шиносоӣ бо вазъияти соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баҳри мусоидат ба ҳали мушкилоти соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: «Навиди Кӯлоб»










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






