Саноатчиёни Суғд ба маблағи 12,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Саноатчиёни вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 12,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки бо истифодаи индекси нархҳо суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоиз зиёд буда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 58,5 фоизро ташкил додааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таҳлили вазни муқоисавии шаҳру навоҳии вилоят дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бозгӯи он аст, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар 15 шаҳру ноҳияи вилоят суръати мусбати рушд таъмин шуда, аз он дар 10 шаҳру ноҳия суръати рушд аз 120 фоиз ҳам зиёд гардидааст.
Ба иттилои сардори Сарраёсати омори Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, дар айни замон дар соҳаи саноат 1011 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 37 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ дорад. Дар маҷмуъ, аз шумораи умумии корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда 694 корхона ё 68,6 фоиз нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022 сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд.
Дар ин давра саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 3 миллиарду 658,2 миллион сомонӣ ё 9,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд шудааст. Сабаби зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулот дар соҳа аз ҳисоби истеҳсоли симоб — 1,6 баробар, ангишти бӯр — 10,8 фоиз, металли сурб — 17,3 фоиз ва металли сурма — 4,9 фоиз ба амал омадааст. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 7 миллиарду 297,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2 фоиз зиёд шудааст, ки он асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани маҳсулоти нонӣ — 12,7 фоиз ё 260,4 тонна ва равғани растанӣ — 16,3 фоиз ё 1842,0 тонна ба амал омадааст. Ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ 39,1 фоизи истеҳсолот дар соҳаи коркардро ташкил дода, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ дар моҳҳои январ-июни соли равон 1,1 миллиард сомонӣ ё 1,7 баробар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд гардидааст. Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 28,4 миллион сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир соҳаи саноати шимоли мамлакат тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чандин маротиба зиёд шудааст. Саноатчиёни Суғд зарфи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба нишондиҳандаҳои басо назаррас ноил гардида, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми хосса доранд.
Дар ин давра бобати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат саноатчиёни Суғд ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардидаанд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» баргузор гардид
ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Барои коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта дар Тоҷикистон ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ чӣ бояд кард? Шарҳи коршиносон
Имрӯз таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Файзиддин Қаҳҳорзода дар Риёз дар ҷаласа доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд






