Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Роштқалъа бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд

Июль 1, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти гидроэнергетикии вилоят — Неругоҳи барқи обии «Себзор», воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бунёди неругоҳ кормандони «Тоҷикгирдолектромантаж» машғул буда, айни замон корҳои заминӣ бо ҷалби беш аз 44 техникаи ҳозиразамон пеш бурда мешаванд.

Ба масъулин супориш дода шуд, ки корҳои сохтмониро вусъат бахшида, дар муҳлати муқарраргардида агрегати якуми неругоҳро ба кор дароранд.

Таъкид гардид, ки сарбанди неругоҳ 9 метр баландӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, то имрӯз 90 дарсади корҳои заминӣ дар ин қисмати сохтмон иҷро шудааст.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» аз 3 агрегат иборат буда, баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегават соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза тавлид карда мешавад.

Дар корҳои сохтмони неругоҳ 210 сокини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул мебошанд. Гуфта шуд, ки кор дар  Неругоҳи барқии обии «Себзор» аз рӯйи нақшаи пешбинигардида идома дошта, то соли 2024 ин иншооти муҳими иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 1, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд