ТАҶРИБАИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ. 2758 нафар директорон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таҳти унвони «Нақши директор дар ташкил ва назорати раванди фаъолияти хониш ва математика дар синфҳо ибтидоӣ» даврҳои омӯзишӣ ҷараён дошта, дар 138 гурӯҳ 2758 нафар директорони мактабҳо ба омӯзиш ҷалб гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Ба омӯзиш кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо, намояндагони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун тренерони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд.
Даврҳои омӯзишӣ дар асоси модулҳои «Идоракунӣ», «Омӯзиши иҷтимоӣ-эҳсосотӣ» ва «Тарҳи универсалии омӯзиш» ҷараён дошта, дар асоси таҷрибаҳои муосири фаъолият дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард гардидаанд. Омӯзиш дар доираи дастгирии лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Тибқи нақша, марҳилаи ниҳоии омӯзиш 16 август барои кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сангвор ба анҷом мерасад.
Даври омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯби «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 эълон гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






