Тоҷикистон ҷалби сармояи кишварҳои арабиро барои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморад
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дирӯз бо иштироки роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зимнан, ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморем».
Қобили тазаккур аст, ки ҳама таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа нигаронида шудаанд. Чунончӣ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши дирӯза иброз доштанд, ки «мо бо дарназардошти зарфияти фаровони худ омодаем, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ иқдомҳои муштараки муассир роҳандозӣ намоем. Ҷорӣ намудани низоми яктарафаи бераводид аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2022 барои шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Халиҷ ба пешбурди босамари ин раванд мусоидат хоҳад намуд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариро бо мақсади тақвияти дӯстию наздикии мардумони кишварҳоямон муҳим ва бамаврид меҳисобем».
Дар баробари баррасӣ намудани масъалаҳои роҳу коммуникатсия ва сайёҳӣ инчунин оид ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои арабӣ дар бахши маориф изҳори назар карда шуд: «Дар самти илму маориф ба мақсад мувофиқ медонем, ки робитаҳои байни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ ҷиҳати табодули таҷриба, тадқиқоти илмӣ ва татбиқи барномаҳои таълими касбӣ, бахусус дар риштаи илмҳои дақиқ роҳандозӣ карда шавад».
Президенти мамлакат дар бахши ҳамкории ҷавонони минтақа изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори баргузор намудани «Форуми ҷавонони минтақаҳои мо» ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар доираи федератсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Оид ба ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва озмоишгоҳҳои тиббӣ таъсис дода шаванд, дар хусуси эпидемияҳо ва ваксинагузаронӣ байни сохторҳои дахлдори бахши тандурустии давлатҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабӣ табодули маълумот ва таҷриба амалӣ карда шаванд.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






