«АНДАЛЕБ-2023». Пагоҳ даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 18 август даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
11 август шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ, 12 август шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 13 август ноҳияи Хуросон ва ноҳияи Шуғнон, 14 август шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшон, 15 август ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Мастчоҳ, 16 август ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Файзобод ҳамарӯза соати 18:00 фестивал-озмунро манзури тамошобинони пойтахт менамоянд.
Инчунин 17 август, аз соати 09:00 то 20:00 тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ ва 18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини фестивал ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






