Ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон зиёда аз 18,6 млрд сомонӣ равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ба соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ зиёда аз 18,6 млрд сомонӣ равона гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин давра дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ шуда, аз ҷумла ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 913 млн сомонӣ, маориф 3,1 млрд сомонӣ, тандурустӣ 1,4 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 2,1 млрд сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 964,3 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 585,9 млн сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,1 млрд сомонӣ, кишоварзӣ 883,3 млн сомонӣ, сохтмон ва саноат 128,8 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,7 млрд сомонӣ равона гардид.
Хусусияти иҷтимоии буҷет чун солҳои қаблӣ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 8,2 млрд сомонӣ равона гардид, ки 44,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ«Ховар»








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






