«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе бахши якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Август 25, 2023 09:17

ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар/. Тавре қаблан хабар додем, 23 август дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии бахши якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар байни занон- хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзи аввали озмун довталабон тибқи низомнома кори санҷишӣ (диктант) бо забони русӣ, иншо бо забони давлатӣ ва кор бо компютерро супориданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 августи соли 2023 «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин занони хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе 23-24 август баргузор мешавад.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 2-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ шудааст, доир шуда истодааст.

Мақсади он тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2023 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон