Дар Душанбе Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Август 30, 2023 09:42

ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 13 то 15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегардад.

Дар Форум вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф изҳори назар менамоянд.

Форум имкон фароҳам меорад, ки ҳамкории давлатҳои мазкур дар самти маориф ва илм густариш ёфта, табодули устодону донишҷӯён зиёд гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Август 30, 2023 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд