Дар шаҳри Истаравшан ҳунари қолинбофии дастӣ рушд мекунад
ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан бо фаъолияти коргоҳи қолинбофӣ шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар коргоҳи қолинбофӣ аз пашми бузи ангорӣ қолинҳои дастӣ омода гардида, рангҳои он бо истифода аз гиёҳҳо тайёр мешавад. Чунин тарзи омодасозии қолинҳо дар Тоҷикистон камназир буда, ҳунармандон тамоми корҳоро дастӣ иҷро мекунанд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти маркази ҳунармандии «Шоҳдурвон»-и шаҳри Истаравшан шинос шуда, ба ҳунари кормандони марказ баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи барномаҳои давлатӣ ҳунарҳои миллии тоҷик рушд ёфта, барои соҳибкасб шудани занону духтарон аз тамоми имконот истифода бурда мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят грантҳои махсус ташкил ва ҳунармандони вилоятро мунтазам дастгирӣ менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






