Дар «Тоҷикфилм» Маркази такмили ихтисос, тарҷума ва дубляж таъсис ёфт

Август 4, 2023 09:05

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маркази  такмили ихтисос, тарҷума ва дубляж таъсис дода шуд. Дар ин хусус 3 август зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори  оммаи  ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.

Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки таъсиси Маркази  такмили ихтисос, тарҷума ва дубляж  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  барои фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ ва заминаи техникӣ ба филмбардорон, баланд бардоштани касбияти онҳо ва дар маҷмуъ рушди кинои миллӣ мусоидат менамояд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин муассисаи давлатӣ дар соли равон таъкид шуд, ки  «Тоҷикфилм» сиёсати давлатиро дар  соҳаи кино муаррифӣ намуда, тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар самти рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо таҳияи филмҳои мустанади таърихию бадеӣ дар густариши  кинои миллӣ нақши муассир  гузоштааст.

                                                                              Марзия  САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                                                  АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 4, 2023 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад