НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 169,8 милион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 168 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 169,8 милион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тазаккур дода шуд, ки тавассути тадбирҳои ошкоршуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар ва дигар тадбирҳои иловагӣ 185,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд, ки 124,3 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 61,1 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2023 баҳри бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда бо натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, ошкорнамоии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳлили хавфҳои коррупсия ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмӣ ба унвони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар маҷмуъ 987 дастури хаттӣ ва 1843 пешниҳод ирсол гардид. Тибқи натиҷаи баррасии онҳо 115 нафар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод ва нисбат ба 673 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






