НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Суғд 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 6 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардид. Ин нуктаро имрӯз, 1 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳамзамон дар миқёси вилоят 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳамаи захираву имконият ҷалб гардид.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4 миллиарду 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,0 фоиз таъмин гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






