НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 коҳиш ёфтааст

Август 11, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон гардиши тиҷорати хориҷӣ дар мамлакат коҳиш ёфтааст.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар ин давра гардиши тиҷорати хори ҷии мамлакат ба 3 миллиарду 393 миллон доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324,7 миллион доллар ё 9 фоиз кам мебошад. Соли гузашта дар ин давра гардиши савдои хориҷии мамлакат 3 миллиарду 717, 7 миллион долларро ташкил дода буд. Сардори Хадамоти гумруки мамлакат кам гардидани гардиши тиҷорати хориҷиро ба омилҳои берунӣ ва авзои сиёсии бархе аз кишварҳои ҷаҳон рабт дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра воридоти мол ба мамлакат 2 740,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2 325,4 миллион доллар) ба маблағи 414,7 миллион доллар ё 18 фоиз зиёд мебошад. Содирот ба 653,3 миллион доллар баробар шуда, нисбат ба соли гузашта (1 392,7 миллион доллар) ба андозаи 739,4 миллион доллар ё 53 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо — 36,1 фоиз ё ин ки 235,8 миллион доллар, нахи пахта — 11,5 фоиз ё ин ки 75,0 миллион доллар, сурма — 8,4 фоиз ё ин ки 55,1 миллион доллар, алюминий — 9,9% ё ин ки 64,6 млн доллар, маҳсулоти меваю сабзавот — 3,5 фоиз ё ин ки 23,1 миллион доллар, ресмони пахтагӣ — 3,3 фоиз ё ин ки 21,9 миллион доллар, семент — 3,1 фоиз ё ин ки 20,0 миллион доллар, неруи барқ 2,8 фоиз ё ин ки 18,2 миллион доллар, пӯст 0,5 фоиз ё 3,2 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта содироти мол ба кишварҳои Русия 40,4 миллион доллар, Сингапур 10,3 миллион доллар, Аморати Муттаҳидаи Араб 5,2 миллион доллар, Хорватия 1,3 миллион доллар, Беларус 1,1 миллион доллар афзоиш ёфта, ба кишварҳои Швейтсария 465,7 миллион доллар, Қазоқистон 94,8 миллион доллар, Чин 75,7 миллион доллар, Белгия 53,4 миллион доллар, Туркия 28,7 миллион доллар, Узбекистон 29,1 миллион доллар, Афғонистон 19,5 миллион доллар ва Эрон 14,3 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 11, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд