НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ андоз супориданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ андоз супориданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Кабирзода иттилоъ дод.
Ба гуфти Шамсулло Кабирзода, ба ҳолати 1 августи соли равон дар мақомоти андоз 81 нафар шахсони воқеӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул ҳастанд, сабт шудаанд, ки 49 блогер аз ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор зиёда аз 9,4 ҳазор қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 532 миллиону 100 ҳазор сомонӣ қабул гардид. Аз ин ҳисоб ба буҷет 486 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 49 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






