БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд бунёди беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст

Сентябрь 2, 2023 18:45

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду баистифодадиҳии беш аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд. Дар ин хусус дар машварати кории Раиси вилояти Суғд таъкид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳ намуда, рушди соҳаи саноатро таъмин намоянд.

Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, бо истифода аз имконият ҷиҳати афзун намудани дастовардҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ  мешаванд.

Дар машварат инчунин вобаста ба вусъати корҳои саҳроӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили зироат ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса равона шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят ҷамъоварии анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Масъулини соҳаро зарур аст, ки барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсола, аз ҷумла пахта чораҷӯӣ намуда, ҳамзамон ба танзими нархҳо дар бозорҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд, то мардум тавонанд барои зимистон маводи ғизоӣ захира созанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 2, 2023 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои ҳудуди деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба масофаи 15 километр мумфарш карда мешавад
Дар доираи корҳои ободонӣ мумфаршкунии роҳҳои маркази шаҳри Турсунзода идома дорад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе — Шарора — Ҳисор пурра мумфарш карда мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад