Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳо, устодону коршиносони соҳа, намояндагони меҳмонхонаву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш, доир ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои таъмини рушди устувори соҳа дар шароити имрӯза сухан гуфта шуд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ дастовардҳо зиёд гардида, дар натиҷаи ин тадбирҳо ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардонидаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро мегузаронад.
Таъкид гардид, ки сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш якчанд нафар кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқ, рушд ва пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои сокинони сайёра ба шумор меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






