Дар Душанбе ғолибони Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба саққобозӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба саққобозӣ (билярд) дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он варзишгари шаҳри Душанбе Изатулло Файзуллоев сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин варзишгари шаҳри Ҳисор Бахтовар Абдуллоев ҷойи дуюм ва Ҳасан Каримов аз шаҳри Душанбе мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Ба ғолибони ҷойи аввал мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4000 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар мусобиқа роҳбарияти Кумита таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакатро нисбат ба рушди ин намуди варзиш иброз доштанд. Ҳамзамон иброз гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш минбаъд ба рушди варзиши саққобозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, чорабиниҳои ҷумҳуриявию чемпионатҳоро амалӣ менамояд.
Дар мусобиқаи мазкур 32 нафар ғолибони даври ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, байни ҳам рақобат намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






