Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов озмоишгоҳи омӯзишӣ ҷиҳати таҳқиқ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, кормандони раёсати муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат, профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳадаф аз таъсиси озмоишгоҳ — омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани созҳои миллии миллати тоҷик мебошад.
Таъкид гардид, ки ҷалби муҳаққиқон ва устоҳои бомаҳорати созҳои халқӣ имкон медиҳад, ки асбоби мусиқии дар тӯли таърихи бисёрасра ташаккулёфта дар заминаи технологияҳои муосир тарҳу садои нав пайдо намуда, дар шакли якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шаванд.
Вазири фарҳанг бо синфхонаи лингофонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навин, ки бо дастгирии Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» таъсис дода шуд, китобхонаи муассиса, дарсҳои таълимии оркестри симфонии донишҷӯён ва хори донишҷӯёни Консерватория, инчунин Консепсияи барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба 20-солагии Консерватория шинос гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






