Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» филиалҳои кафедраҳои тахассусии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Сентябрь 7, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» филиали кафедраҳои неругоҳҳои электрикӣ, иншооти гидротехникӣ ва зеризаминӣ, автоматикунонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот ва истифодабарии нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ расман мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Филиали кафедраҳо дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни ҶСК НБО «Роғун» ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ки 5 сентябр ба имзо расонида шуд, таъсис дода шуданд.

Таъсиси филиали кафедраҳо бо мақсади ба роҳ мондани таҳсилоти дуалӣ буда, дар ин замина кормандону муҳандисони НБО «Роғун» бо истифода аз иқтидори кадрии донишгоҳ ба машғулияти такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуда, донишҷӯёни ихтисосҳои энергетика, сохтмон, нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ин иншооти стратегӣ таҷриба меомӯзанд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникӣ муассисаи бонуфуз ва базавии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва нақлиёт кадрҳои баландихтисос омода менамояд, ки онҳо дар корхонаҳои ватанӣ фаъолияти назаррас доранд. Устодону муҳаққиқони донишгоҳ пайваста оид ба самтҳои гуногуни бунёди НБО «Роғун» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, то имрӯз зиёда аз 100 мақолаву монография ва 5 рисолаи илмии номзадӣ таҳия ва ҳимоя намудаанд.

Имрӯз дар коргоҳи азими «Роғун» ҳазорон нафар аз манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар бунёди он саҳми сазовор гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар зиёда аз 40 ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роғун» теъдоди зиёди хатмкунандагони Донишгоҳи техникӣ, муҳандисону мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда беш аз 90 фоизи шумораи умумии кормандони ҶСК «Роғун»-ро ташкил медиҳад.

Ҳоло филиали кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика, ҶСК «Азот» ва НБО «Варзоб» фаъолият менамояд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ

Сентябрь 7, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Роғун – нурбахши роҳи фардои Ватан» баргузор мегардад
Зимбабве таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода менамояд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд НБО «Роғун»-ро ҳамчун рамзи пешрафт ва ояндаи дурахшони минтақа арзёбӣ намуд
Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Рӯзноманигорон, блогерон ва намояндагони вазорату идораҳо бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
«РОҒУН»-ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ САНОАТИКУНОНИИ ТОҶИКИСТОН. Оид ба он конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Вашингтон ҷалби маблағгузорӣ ва татбиқи созишномаҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» баррасӣ шуд
«РОҒУН-КОХИ НУР». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомон ифтитоҳ ёфт
Ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Анна Бйерде: «Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пуштибонӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд