ФУТБОЛ. Замони баргузории бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» муайян шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар мавсими 2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар 19 сентябр, соати 21:00 дар «Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳайати дастаи футболи «Ал-Дуҳайл» собиқ футболбози дастаҳои «Ливерпул»-и Англия ва «Барселона»-и Испания Филиппе Коутинийо бозӣ намуда, дар бозӣ ба муқобили дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба майдон мебарояд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон тибқи қуръакашии Лигаи чемпионҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи «E» бо дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад намуд.
Бояд иброз намуд, ки аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста ба 1/8 –ниҳоӣ роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид






