«Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст сайёҳони тоҷикро ба шаҳрҳои туристии Русия ҷалб намояд
ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати туристии Русия «Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба роҳ монад.
Директори генералии ширкати туристии Русия «Ин Раша Тревел» Алексей Плюшев, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии «Душанбе-инвест 2023» бо ҳайати баландпояи соҳибкорону сармоягузорони Русия ба Тоҷикистон омадааст, дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо чандин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мулоқот доштам, ки он барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат менамояд».
Директори генералии ширкати туристии «Ин Раша Тревел» Алексей Плюшев афзуд, ки «Тоҷикистон барои Русия яке аз бозорҳои дастрас дар самти густариши сайёҳӣ маҳсуб мешавад, зеро байни ду давлат танҳо дар як рӯз чандин парвози ҳавоӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом дода мешавад. Рисолати тиҷоратии ман ба он равона шудааст, ки барои сайёҳати дуҷониба самтҳои нави сайру саёҳат, пешкаш намоям».
Мавсуф афзуд, ки «Форуми байналмилалии Душанбе- инвест 2023», ки дар он беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз 40 давлати дунё иштирок доранд, майдони фарохе аст барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






