Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд густариш мебахшад

Сентябрь 29, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр вохӯрии Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо ҳайти роҳбарӣ ва намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Директори идоравӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва Роҳбари намояндагии бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба нақшаҳои нави ҳамкорӣ барои давраҳои оянда дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан табодули афкор намуданд.

Барои иштироки фаъоли Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод карда шуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Сентябрь 29, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд