ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Пагоҳ «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24, чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.
Имрӯз, 18 сентябр дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) нишасти хабарӣ баргузор мешавад.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспо ва яке аз бозигарони бошгоҳи қатарӣ, аз ҷониби «Истиқлол» сармураббии даста Игор Черевченко ва сарбони даста Алишер Ҷалилов ҷавоб медиҳанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






