ШИНОСНОМАКУНИИ ЭЛЕКТРОНИИ РОҲҲО. Тоҷикистон бо таҷҳизоти бақайдгирии дороиҳои роҳ таъмин шуд

Сентябрь 19, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд бо таҷҳизоти бақайдгирии дороиҳои роҳ таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд.

Таҷҳизот бо мақсади ҷамъоварии маълумот вобаста ба дороиҳои роҳ аз Зеландияи Нав дастрас шуда, дар мошини сабукрави тамғаи «TOYOTA-PRADO» васлу насб гардидааст. Он дорои сканери лазерӣ, 3 камера, одометр ва GPS мебошад.

Бо таҷҳизоти муосир маротибаи аввал дар таърихи Тоҷикистон ҳолати роҳ, индекси IRI, дарозии аниқи роҳҳои мошингард ва ҷойгиршавии иншоот ба таври электронӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба ибораи дигар – шиносномакунии роҳҳо ба роҳ монда мешавад.

Инчунин пас аз пурра ҷамъоварӣ намудани маълумот вобаста ба роҳҳои мошингарди истифодаи умум ва дороиҳои онҳо шакли электронии харитаи роҳҳои мошингард таҳия мегардад.

Бо истифода аз ин таҷҳизот ҳамзамон сифати корҳои нигоҳдорӣ, навсозӣ ва сохтмони роҳҳо муайян мегардад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд