Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатарро барои мувофиқа пешниҳод намуданд

Сентябрь 29, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид, ки зимни он «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар» барои мувофиқ пешниҳод карда шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Комиссияи муштарак таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ доир гардид.

Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкории байни ду давлат дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, андоз, стандартизатсия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Завқӣ  Завқизода изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои дуҷониба байни ду давлат ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо иброз намуданд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хосса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон ҷониби Қатар омӯзиш ва баъди он маблағгузории якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ дар ноҳияи Данғара, замонависозии ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, инчунин қабули 4 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз менамояд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия лоиҳаҳои «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар» ва «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти минтақаҳои озоди Давлати Қатар» барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд