Вакили Маҷлиси намояндагон дар Ню-Йорк дар иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил иштирок намуд

Сентябрь 26, 2023 09:21

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ҷамъияти байналмилалии парлумони давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷамшед Муртазозода 20-25 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо даъвати шабакаи ҷаҳонии «Глобал ТВ Кокус» дар кори иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ таъкид шуд, ки сил бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот аст, ки барангезандаи он микробактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад.

Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори он ба ҳаво ҷудо мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.

Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёт 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

Бемории сил аз давраҳои дерин то ба имрӯз ҳамчун проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри XX бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Ҳоло барномаи маҷмуавӣ таҳия шудааст, ки барои ошкоркунӣ ва табобати ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2023 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад