Дар Суғд давоми нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд давоми давраи ҳисоботӣ- январ-сентябри соли равон 982 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.