2593 сайёҳи хориҷӣ шаҳри Гулистони вилояти Суғдро тамошо намуданд

Октябрь 10, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ – сентябри соли равон 2593 меҳмони хориҷӣ ва 24 524 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳри Гулистонро тамошо намуда, дар маҷмуъ 27 117 нафар дар ин ҷо истироҳат намудаанд. Дар ин хусус зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни маҷлиси фаъолони шаҳри Гулистон натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ 32,7  миллион сомониро ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 10, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд