35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашни миллӣ ноҳияи Мурғоб ба таври шинохтанашаванда рушд меёбад

Октябрь 11, 2023 09:28

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз як иншооти муҳими маишӣ — Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Истиқлол» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти вилояту ноҳияи Мурғоб ва меҳмонон иштирок намуда, намоиши дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин боғ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои тафреҳу баргузории барномаҳои фарҳангӣ бунёд гардида, дар он майдончаи бозии кӯдакона, курсиҳо барои нишаст ва саҳна барои намоиши барномаҳои фарҳангӣ ҷой дода шудааст.

Барои бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ 546,6 ҳазор сомонӣ масраф гардида, ояндаи наздик ин макон ба яке аз ҷойҳои тамошобоб ва тафреҳии ноҳия табдил меёбад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия куллан дигар шуда, то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ноҳия ба таври шинохтанашаванда рушд менамояд.

Сокинони ноҳия миннатдории худро ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон иброз намуданд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Мурғоб  меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд. Он барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки орзуи дидани ин минтақаи зебои баландкӯҳи Тоҷикистонро доранд, пешбинӣ гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Октябрь 11, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд