Аз институтҳои байналмилалии молиявӣ даъват шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳсозӣ дар Тоҷикистон кумак намоянд

Октябрь 7, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт ва тибқи созишномаҳои грантӣ  12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд 52 млн доллари  амрикоӣ амалӣ мешаванд, аз ҷумла 7 лоиҳа дар ҷараёни татбиқ буда, татбиқи 5 лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд. Чунин иброз намуд Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар мулоқот бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.

Вазири нақлиёт аз нақши калидии роҳу нақлиёт дар рушди бемайлони тамоми соҳаҳои мамлакат ҳамчун таъминкунандаи равобити пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, гуфт, ки ҳоло ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷиккистон ва истифодаи иқтидори транзитии он чун яке аз ҳадафҳои стратегии рушд пазируфта шудааст.

Вазир афзуд, ки барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии афзалиятноки сармоягузории сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Лаби Ҷар-Қалъаи Хумб» (134 км), «Балҷувон- Сари Хосор» (60 км), «Бохтар- Ҷалолиддини Балхӣ- Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади  Узбекистон»(170 км), «Рӯшон-Хоруғ-Қулма»(530 км), «Хуҷанд-Конибодом» (75 км), «Хуҷанд-Ашт»(122 км), «Ховалинг-Сагвор» (75 км), «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе», сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи поён» (51 км) ва «Иншооти аз офатҳои табиӣ зарардида дар чумҳурӣ» бурдани корҳо бо институтҳои  байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд идома дорад.

Вазири нақлиёт аз намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд даъват намуд, ки  кумаки худро  дар асосноккунии техникӣ ва татбиқи ин лоиҳаҳои Тоҷикистон дареғ надоранд.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд