Баҳодур Шерализода ва Ҷамил Аҳмад масъалаи тағйирёбии иқлим ва хатари офатҳои табииро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню Йорк Ҷамил Аҳмад бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода вохӯрӣ намуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо даъвати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 октябр сафари кории Ҷамил Аҳмад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
29 октябр Ҷамил Аҳмад бо Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон», ки дар иҷлосияи 45-ум ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, шинос шуд.
Ҳадаф аз даъвати Ҷамил Аҳмад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ, иртибот ва табодули афкор оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва экология ба шумор меравад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






