Дар Душанбе китоби «Гавазн ва шикорчӣ» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯнамоии китоби нави адиб Маҷид Салим бо номи «Гавазн ва шикорчӣ» бо ҳузури адибон Раҳмат Назрӣ, Равшани Махсумзод, Ворис, дӯстдорони китоб, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои Душанбе баргузор гардид.
Китоби навбатии адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим аз ҳикояҳои «Саги доно», «Ҷуфти парасту», «Санговдавак», «Тилисми морон», «Заргулдор», «Гаҳвораҷунбон», «Бозгашти бабри барфӣ», «Харгӯши танҳо», «Ғурури озодапаланг», дар умум аз 33 ҳикоя иборат ёфтааст, ки дар ин ҳикояҳо табиати зебои Тоҷикистон, олами ҳайвоноту парандагон, муносибати наврасон ба онҳо ва таъсири инсон ба муҳити зист тасвир шудаанд.
Дар ҷамъомад ба муносибати рӯнамоии китоби «Гавазн ва шикорчӣ» оид ба услуб ва хусусияти хоси эҷодии муаллиф ва нақши китоб дар тарбияи насли наврас мулоҳизаҳо баён шуда, ҳамчунин порчаҳои ҷолиб аз ҳикоёт оид ба ҷаҳони афсонавии ҳайвоноту парандагон қироат шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки Маҷид Салим дар баробари нашри китобҳо дар бораи олами вуҳуш ҳамчунин муаллифи филмҳои мустанади «Даштиҷум», «Дар оғӯши Сарихосор», «Искандаркӯл», «Оҳанги Камароб», «Бешаи палангон», «Чилучорчашма», «Дараи Ромит», «Афсонаи Зоркӯл» мебошад. Қиссаву ҳикояҳои «Гурги похурда» (соли 1991), «Зоғеву доғе» (соли 1994), «Панҷаи ҳасрат» (соли 1997), «Ҷӯҷаи кабк» (соли 2000), «Уқоб ва лошахӯр» (соли 2002), «Мурғи даштӣ» (соли 2003), «Аз паи паланг» (соли 2010), «Дар паноҳи сабзи беша» (соли 2015) «Шоҳпарак ва рангинкамон» (соли 2018), «Лонаи мусичаҳо» (соли 2020) ва «Бешаи палангон» (соли 2022) аз ҷониби хонандагон ва мунаққидон хуб пазируфта шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






