Дар Китобхонаи Лоҳутӣ филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат кушода шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки соҳаи китобдорӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳим касб намудааст. Сарвари давлат ба ин соҳа ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.
Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош намоянд. Ҳамчунин дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсилот, таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар воситаҳои таълимии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ саҳми муносиб гузоранд.
Сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён изҳор дошт, ки ба истифода додани филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён онҳо тақвият ёбанд.
Тавассути чунин раванди фаъолият донишҷӯёни ин муассиса таҷрибаи истеҳсолӣ ва амалии худро ривоҷу равнақ медиҳанд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






