Дар Конибодом маъракаи пахтачинӣ босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Хусрав»-и шаҳри Конибодом ба як зумра чинакчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар 2 гектар пунбадона кишт шуда, айни ҳол чиниш босуръат идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом бо ҳолати ҷамъоварии пахта шинос гардида, ҷараёни корҳои саҳроиро таҳти таваҷҷуҳ қарор дод ва ба як гурӯҳ чинакчиён туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Саҳмдорону ҳашарчиён изҳор доштанд, ки ҳар чинакчӣ дар як рӯз аз 80 то 120 килограмм пахта чида, маблағи онро сари вақт мегирад.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоеви Ҷамоати деҳоти Патар аз хоҷагиҳои пешқадам ба шумор меравад. Дар ин хоҷагӣ низ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ ба ҷамъоварии пахта вусъат бахшида мешавад.
Раиси вилоят бо аъзои хоҷагӣ ва ҳашарчиён суҳбат намуда, таъкид намуд, ки ҳосили пахта бояд беталаф ҷамъоварӣ шавад. Барои саҳм гузоштан дар маъракаи пахтачинӣ як зумра пешсафон қадрдонӣ шуданд. Дастур дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом минбаъд шумораи ҳашарчиён зиёд шавад.
Сипас, Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Неъматҷон Исроилов ва Абдураҳим Мирбобоев хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид. Дар суҳбат бо собиқадорон иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам нисбат ба собиқадорони меҳнат ғамхорӣ менамояд.
Пирони рӯзгор бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва дар ҷавоб ба ғамхориҳо ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






