Дар муассисаҳои миёнаи №28 ва №25-и ноҳияи Фархор синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

Октябрь 20, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор  бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фархор  синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, воқеъ дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшан дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳа, иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 синфхона барои 320 ҷойи нишаст дар як баст, толори варзишӣ, китобхона, ошхона ва  синфхонаҳои фаннӣ  мебошад.

Фармоишгари сохтмон Филиали сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, лоиҳакаш КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Темурмалик ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Болҳои  Сафед» буда, бо маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.

Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия менамоянд.

Ҳамчунин  дар ин рӯз дар заминаи  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Фархор низ синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

АКС: Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 20, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд