Дар ноҳияи Варзоб чароғонкунии шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва маҳаллаҳои аҳолинишин оғоз гардид

Октябрь 25, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чароғонкунии шоҳроҳи Душанбе-Чанок дар  ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин  оғоз карда шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Ноҳияи Варзоб ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ буда, дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди он якчанд иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои хизматрасонӣ мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар атрофи мақомоти иҷроия, шоҳроҳи асосӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида, амсилаҳои шакли гуногуни ҳайвонот гузошта шудаанд, ки дар он саҳми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Муассисаи давлатии Раёсати ободонӣ ва сабзазоркунии ноҳия назаррас мебошад.

«Мо бояд бо фарҳанги баланд ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва бо ин васила ҷалби сайёҳонро ба пойтахи азизамон- шаҳри Душанбе ва умуман ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёд гардонем. Ҳар сокини Ватан вазифадор аст, ки атрофи хона ва маҳали истиқомати худро тозаву озода нигоҳ дорад»,-иброз доштанд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Октябрь 25, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст