Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиши идона доир гардид

Октябрь 10, 2023 16:24

ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид, ки дар он доираи васеи дӯстдорони ин санъати миллӣ ҷамъ омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳо санъати мусиқии меросии тоҷик низ рушду такомул меёбад. Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик буда, дар он асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум мебошад ва бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст.

Ҳамзамон бо изҳори хушнудӣ баён шуд, ки мусиқии мардумии тоҷик – «Фалак» соли 2021 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Он минбаъд ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳифз хоҳад шуд.

Дар ҳамоиши идона дар фазои тантанавӣ ба ансамли «Фалак»-и шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Сипосномаи Раиси шаҳри Турсунзода тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки дастаи «Фалак»-и шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода зодаи даврони соҳибистиқлолии Ватан буда, ҳамчун вориси ин санъати воло  ҷиҳати ҳифз ва рушди он рисолат дорад. Аҳли ҳунар ҷиҳати омӯзиши ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Октябрь 10, 2023 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад