Дар Тоҷикистон беш аз 222 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. То 6 октябр дар Тоҷикистон 222 258 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 52%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин хусус Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вилояти Суғд 54 748 тонна, дар вилояти Хатлон 165 792 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1718 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори мамлакат барои пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо ранҷ рӯёнидаи марди деҳқон маъракаи «60 рӯзи меҳнати босубот!» эълон гардидааст.
Пахта яке аз молҳои асосии содиротии Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола дар мамлакат ба ҳисоби миёна 430 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ мешавад. Ин зироат тақрибан дар 200 ҳазор гектар кишт мегардад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






