«ГАНҶИ САОДАТ». ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Ганҷи саодат» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии нусхаҳои дастнависи осори шоири ғазалсаро Ҳофизи Шерозӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода дар ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки Ҳофизи Шерозӣ – бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар адабиёти ҷаҳон мақоми баланд дорад. Зеро номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ гузашта, дар тамоми дунё машҳур шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ашъори ӯ дар радифи пурарзиштарин осори инсоният дар китобхонаҳои машҳури дунё маҳфуз мебошанд.
Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ ҳамасола 12 октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин дар Осорхонаи миллӣ бори нахуст намоиши нусхаҳои дастнависи осори ин шахсият ташкил ва ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намунаҳои гуногуни нусхаҳои дастнависи девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ гузошта шудаанд. Як қисми осори ба тамошо гузошта дастнависҳои нодири ғазалиёти Ҳофиз мебошанд.
Инчунин дар намоиш намунаҳои хушнависӣ гузошта шудаанд, ки дар онҳо машҳуртарин мисраъҳои шеърии Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби яке аз хушнависони чирадасти ҷумҳурӣ Комилҷон Саидолимов навишта шудаанд.
Барои пайравону муштоқони Ҳофизи Шерозӣ имкон фароҳам оварда шудааст, то бо осори гаронарзиши ин ғазалсарои машҳур шинос гарданд.
Намоиши «Ганҷи саодат» то 20 октябр идома меёбад.
АКС:Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






