Гармхонаҳои замонавии вилояти Суғд барои таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамоянд

Октябрь 8, 2023 14:04

ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташкили гармхонаҳои замонавии «ММК Агро»  ва  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агронуфуз» дар вилояти Суғд иқдоми заруриву саривақтӣ буда, барои истифодаи таҷрибаи чунин гармхонаҳо дар дигар минтақаҳои вилоят низ дар назди масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифа гузошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

6 октябр роҳбарияти вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо шинос гардида, барои таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза ба масъулин супоришҳо дод.

Гармхонаи «ММК Агро» тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он парвариши помидор бо усули​ гидропоникӣ ва органикӣ ба роҳ монда шудааст. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм насб гардидааст. Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш намудани тухмиҳо аз ду як ҳиссаи гармхонаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.​

Тухмии помидор аз хориҷи мамлакат ворид шуда, ба маҳал мутобиқ кунонида шудааст. Ҳоло нашъунамои помидор ҳам дар қисмати органикӣ ва ҳам гидропоникӣ хуб буда, масъулон азм доранд ҳосили майдони якумро нимаи дуюми моҳи декабр ба бозор бароранд. Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила ҳосили пухтарасидаи помидор аз гармхонаҳои «ММК Агро»​ ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда мешавад.

Гармхонаи ҶДММ «Агронуфуз» аз қабили дигар гармхонаҳои замонавӣ дар вилояти Суғд мебошад. Дар инҷо дар масоҳати 1 гектар помидор ва 0,10 га​ қаланфури булғорӣ парвариш мешавад. Ба таъкиди масъулон, 300 тонна помидор​ ва аз майдони қаланфури булғорӣ 10 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад. ​

Раиси вилоят​ аснои боздид аз ин гармхонаи замонавӣ таъкид дошт, ки воқеан бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони вилоят кӯшиш доранд, ки​ гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ бунёд намоянд. ​

Гармхонаи ҶДММ «Агронуфуз»​ пурра бо технологияи Кореяи ҷанубӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳатто барои равшаниву гармии дохили гармхона рӯшноии сунъӣ ташкил гардидааст. Баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон дар ин гармхона тухмии помидор аз Ҷопон ворид шуда,​ шумораи ниҳоли помидор дар гармхонаи мазкур 22 ҳазор бехро ташкил медиҳад. ​

Масъулон иттилоъ доданд, ки ҳосили помидор ​ аз ин гармхона то моҳи январ ҷамъоварӣ мешавад. ​

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 8, 2023 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд