Пагоҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд

Октябрь 31, 2023 14:48

ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чоряки якум имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1 то 10 ноябр ба таътили трамоҳӣ мебароянд.

Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.

Дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шуроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ  қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар мешавад:

  • таътили тирамоҳӣ: 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр)
  • таътили зимистона:10 рӯз (аз 1 то 10 январ)
  • таътили баҳорӣ: 7 рӯз (аз 25 то 31 март)
  • таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.

Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф доир мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 31, 2023 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд