Раиси вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ иштирок намуд

Октябрь 28, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур  дорои 1373 га замин буда, аз ин миқдор 300 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Хоҷагӣ дар 700 га навъҳои пахтаи «Лодос», «Хатлон 2014», «Тоҷикистон» кишт намуда, ҳоло 100 тонна тухмӣ захира намудааст ва дорои 436 нафар саҳмдор мебошад.

Раиси вилоят бо хоҷагидор ва деҳқонон суҳбат намуда, аз фаъолияти он огоҳ гардид.

Инчунин ба пахтачинони фаъол туҳфаҳои раиси вилоят супорида шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Октябрь 28, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад