Раиси вилояти Хатлон дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» бо ҳолати парваришгоҳҳо шинос шуд

Октябрь 27, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 26 октябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сафар намуда,  бо парваришгоҳи бузи кӯҳии пармашох, парваришгоҳи гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, боғи навбунёди анор ва дигар мавзеъҳои парваришгоҳ шинос шуд ва дар ин ҷо дарахти ҳамешасабз — арча шинонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» 7 сентябри соли 1983 бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот ташкил шудааст.

Масоҳати мамнуъгоҳ 19 700 га буда, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташкил шудааст.

Дар мамнуъгоҳ зиёда аз 850 намуди набототи гуногун мавҷуд буда, аз онҳо 100 намудашон растаниҳои эндоникӣ (маҳаллӣ) мебошанд.

Ҳамчунин 5 синфи ҳайвоноти сутунмуҳрадор мавҷуд мебошанд, ки ба 22 қатор ва 233 намуд ҷудо мешаванд. Аз ин миқдор, ба синфи ширхӯрон 52 намуд ва ба синфи парандагон 139 намуд, ба хазандагон 18 намуд ва ба синфи моҳиён 5 намуд дохил мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ин намудҳо ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 намуди ҳайвоноти мамнуъгоҳ дохил шудааст.

Олами ҳайвоноти бесутунмуҳра (ҳашарот) зиёда аз 3000 намудро дар бар мегирад.

Солҳои охир дар ҳудуди мамнуъгоҳ 2 парваришгоҳ барои нигоҳубин ва парвариши бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳӣ (уриял) ва парваришгоҳи анори бедона кушода шудааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ ба фаъолияти минбаъдаи масъулону кормандони мамнуъгоҳ муваффақият хоста, барои боз ҳам тақвият додани корҳо дастуру супоришҳо дод.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 27, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад