35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав 52 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Ноябрь 5, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Носири Хусрав  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 112 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб  52-тои он ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. Танҳо дар  соли 2022 33 иншооти ҷашнӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо   аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба пешвози ин ҷашни миллӣ  корҳои  ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба  миқдори 17070 бех ниҳол, аз ҷумла 8050 бех сояафкан, 5000 ҳамешасабз, 4020 ороишӣ, 47000 гулу гулбуттаҳо, аз он 6000 бех лола, 10000 садбарг, 31000 бех дигар гулҳо ва 15000 дона қаламчаи садбарг ва чанор шинонда, дар масоҳати 3000 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабзро  анҷом  доданд.
Ҳамзамон дар  ноҳия  ба пешвози ин ҷашни фархунда  озмунҳои ноҳиявӣ ҷиҳати муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла ва деҳоти беҳтарин  гузаронида мешаванд.

Мавриди ёдоварист, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар  ноҳияи Носири Хусрав 4 адад иншооти муҳими ҷашнӣ, аз инҳо 1-то фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ бо 4 ҷойи корӣ, 1 тарабхона дар маркази шаҳраки Баҳор ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ, 1 меҳмонхона дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дорои се ҳуҷра ва 6 кати хоб ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ, 1 нуқтаи таъмири техникӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ бо 2 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 5, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад