Ҳамоиши «ЭКСПО 2023 – Рушди соҳибкории занон» имконоти мавҷуда ва нақшаҳои ояндаро барои занони соҳибкор муаррифӣ намуд

Ноябрь 17, 2023 10:06

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор дар доираи «ЭКСПО 2023 – Рушди соҳибкории занон» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он ҷаласаҳои панелӣ идома ёфта, мавзуи «Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти амалисозии маҳсулоти дорои ҷанбаҳои гендерӣ» таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ мавриди баррасӣ ва табодули афкори иштирокдорони ҳамоиш қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ифтитоҳи ин панел муовини Раиси Бонки миллӣ иброз намуд, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занону духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Бинобар ин, ҷиҳати пешбурди сиёсати Пешвои миллат солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома бахшида, онро ба таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт равона намудааст.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти васеъ намудани дастгирии соҳибкории занон бо хизматрасонии молиявӣ ва инчунин сари вақт, осону бемамониат ва босифат пешниҳод намудани ин хизматрасониҳо корҳои муайянро анҷом медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба зиёда аз 675 ҳазор занону духтарон ба маблағи беш аз 3 миллиарду 570 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018  2,6 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар панҷ соли охир ва 9 моҳи соли 2023 маблағи қарзи ба занону духтарон пешниҳодшуда 16,0 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ шудааст. Дар Стратегия бахши махсуси маҷмуӣ оид ба васеъ намудани ҳуқуқ ва имконияти иқтисодии занон ва ҷавонон муайян  шудааст, ки ин ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва рушди иҷтимоии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.

Инчунин иброз гардид, ки соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд лоиҳаи фарогирии молиявии гендериро оғоз намуданд, ки он тавассути баимзорасонии Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд доир шуд. Баимзорасонии ин созишнома ба фарогирии бештари молиявӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мутобиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» заминаи мусоид фароҳам меорад. Илова бар ин, бо мақсади васеъ гардидани доираи фарогирии молиявӣ дар мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ амалӣ менамояд.

Зимни ҷамъбасти кори панели сеюм тазаккур дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо ба таври мунтазам фаъолияти босамарро амалӣ намуда, сатҳу сифат ва шаклу намуди хизматрасонии бонкию молиявиро афзун менамоянд ва барои фарогирии молиявии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, бахусус дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ дар мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.

АКС: Шуъбаи матбуоти Бонки миллиии Тоҷикистон

 

Ноябрь 17, 2023 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
Дар Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҷаласа доир шуд
Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад
Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9. 2800 то 9.3000сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8228 то 10.9100 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад